wrapper

Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз!

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби намудҳои ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба эҳё намудани расму оини аҷдодӣ, санаи 26 июли соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Б.Ғафуров ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори Маркази ҷавонони ноҳия намоиши дастовардҳои ҳунармандони ҷавон таҳти унвони "Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз!" бахшида ба "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" бо ҷалби ҳунармандони ҷавон баргузор гардид.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Б.Ғафуров Бобозода Малоҳат, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Нурматов Шодмон ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Фахриддинзода Фирдавс иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки маҳз бо ташаббусу иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем аз арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлатдорӣ ва арзишҳои неки ниёгонамон ҳифз карда бошем. Сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат барои мо насли ҷавон имкон фароҳам овард, ки аз ҳунарҳои мардумии миллати бузурги халқи хеш ифтихор намоем ва онро рушд диҳему бо арзишҳои бузурги фарҳангии миллати тоҷик ифтихор намоем.
Мусаллам аст, ки маҳсулоти ҳунармандӣ ва намунаҳои фарҳанги суннати миллати тоҷик яке аз василаҳои ҷалби сайёҳон ба кишвар маҳсуб ёфта, сарзамини мо бо табиати дилошўбу фарҳанги нотакророраш ҳазорон сайёҳону дӯстдорони табиатро ҳамасола ба сўи худ ҷалб менамояд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба иштирокчиёни фаъолро бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо