wrapper

Мо ҷавонон бар зидди терроризм!

Санаи 28 июли соли 2018 дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар толори литсейи касбии шаҳри Истаравшан семинар - машварат таҳти унвони "Мо ҷавонон бар зидди терроризм!" бо ҷалби наврасону ҷавонони шаҳри Истаравшан бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, даст кашидан аз амалҳои номатлуб, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ ташкил ва баргузор гардид.

Зикр гардид, ки "Ҳар як ҷавон бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, фаҳмонидани моҳияти қонунҳо байни ҷавонон дар пешгирӣ намудани ҳама гуна омилҳои номатлуб дар ҷомеа ҳиссагузор бошад. Лозим аст, ки ҳар як зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризм ва экстремизм сари вақт пешгирӣ шавад. Эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз ҳама гуна сӯистифода аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор ва дигар хатарҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва экстремизми динӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд аст".

Баъди чорабинии мазкур аз тарафи волонтëрон дар кӯчаву хиëбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳр аксияи тарғиботӣ дар мавзӯи "Мо ҷавонон бар зидди терроризм!" доир гардид.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо