wrapper

Аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин"

Санаи 19 апрели соли 2018 бо ибтикори клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд аксияи тарғиботӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим интихоби беҳтарин" дар кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон ташкил ва баргузор гардид.

Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки дар аксияи мазкур беш аз 1200 адад маводҳои тағиботӣ тақсим гардида, зиёда аз 1500 нафар наврасону ҷавонони шаҳри Бӯстон ҷалб гардиданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо