wrapper

Тренинги омӯзишӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар ноҳияи Спитамен

Санаи 19 апрели соли 2018 бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд тренинги омӯзишӣ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Оилаи солим - интихоби беҳтарин" дар толори мактаби № 1-и ноҳияи Спитамен бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон бобати хавфи вируси бемории ВНМО/БПНМ, тарғибу ташваиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон бо ҷалби беш аз 180 нафар наврасону ҷавонони ноҳия ташкил ва баргузор гардид.

Дар тренинги омӯзишии мазкур сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Спитамен Бекмуродова М., директори маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ-и ноҳияи Спитамен Сарбозова О., роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шодмон Нурматов, муовини роҳбари клуби волонтёрони Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Файзиев Муҳаммад ва волонтёри фаъоли Раёсат Ахмедов Зуҳурулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки “ВНМО вируси ғайриоддӣ аст, зеро инсон метавонад онро дар организми худ солҳои зиёд дошта бошад, вале ҳамзамон ба куллӣ солим намояд. Вале вирус тадриҷан дар дохили организм афзоиш меёбад, ҳуҷайраҳои хунро вайрон мекунад, ки онҳо унсури системаи ҳимоятгари организм мебошанд. Агар инсон ВНМО дошта бошад, чунин маъно надорад, ки дар ё БННМ зуд инкишоф меёбад. Вирус метавонад дар организм даҳ сол ва аз он ҳам бештар ҷой дошта бошад то ба он даме, инсон ягон аломати маризиро ҳис намояд. Дар тӯли ин вақт инсон метавонад худро комилан хуб ва солим ҳис кунад, аммо метавонад ба дигарон вируси худро гузаронад...
Барои кам кардани хавфи сироят ва густариши бемори ҳар фард бояд ҳар чӣ бештар дар бораи ВНМО/БПНМ, яъне роҳҳои сирояти он, инкишоф ва зуҳуроти беморӣ, табобат ва асосан пешгирии онро донад.

Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти семинар – машварати мазкур наврасону ҷавонон вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинии мазкур иштирокчиёни фаъолро аз тарафи Раёсат бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. 

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо