wrapper

Озмуни вилоятӣ оид ба омода намудани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ байни волонтёрони вилоят бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, эҳё ва намоиши ҳунару анъанаҳои мардумӣ, бедор кардани завқи пухтупази таомҳои миллӣ, омодагии духтарон ба зиндагии мустақилона, санаи 31 марти соли равон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни вилоятӣ оид ба омода намудани таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ байни волонтёрон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур кормандон ва волонтёрони Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро иҷрокунандаи вазифаи Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Ҳомидова Мадина оғоз карда, қайд намуд, ки бонувону духтарон тарбиятгари насли оянда буда, баҳри посдории фарҳанг ва расму оинҳои миллӣ саҳми арзанда доранд.

Иштирокчиёни озмуни мазкур дастранҷи худ, аз ҷумла, таомҳои миллӣ, хӯришҳо ва ҳунарҳои мардумии омодакардаашонро ба маъраз гузоштанд.

Ҳамзамон барои болидахотирии ҳозирин аз тарафи клуби волонтёрон барномаи фаҳангиву фароғатӣ пешкаш карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ғолибон ва иштирокчиёни фаъолро бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо