wrapper

Мо - ҷавонон бар зидди бемории ВНМО/БПНМ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, фаҳмонидани моҳияти вируси бемории хафнок  ВНМО/БПНМ, даъват намудани ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани ин бемории сироятӣ байни ҷавонон  имрӯз бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд семинар - машварат оиди мубориза бар зидди бемории хафнок ВНМО/БПНМ таҳти унвони "Ҷавонон - ҷонибдори тарзи ҳаëти солим" дар Коллеҷи касбӣ – техникии саноати кишоварзии ноҳияи Зафаробод бо ҷалби беш аз 200 нафар устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур, наврасону ҷавонони ноҳия баргузор гардид.

Дар семинар - машварат сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Зафаробод Эгамназаров Шарофиддин, директори маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ Ҷамолов Бобоҷон, роҳбари клуби волонтёрони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Шодмон Нурматов, ёрдамчии сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Саломов Дилшод, волонтëри фаъоли Раëсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Ахмедов Зуҳурулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари клуби волонтëрони Раëсат Нурматов Шодмон баромад намуда, дар баромади худ оиди мубориза бар зидди бемории хафнок иброз намуд, ки “Давоми солҳои охир ВНМО/БПНМ аз руйдоди тиббӣ ба таҳдиди ҷиддии ҳаёти башарият табдил ёфт. Ҳамзамон ВНМО/БПНМ на танҳо мушкилоти тиббӣ аст, зеро ба инкишофи тамоми аҳли башар таҳдид мекунад, яъне оқибатҳои мудҳиши иҷтимоӣ дорад. Аксари аҳолии курраи замин аз ин беморӣ кам воқиф ҳастанд. Сабаби асосӣ, қабл аз ҳама, ба ҷиддияти ин мушкилот баҳои зарурӣ надодан, бепарвоии одамон ва бефаъолиятии ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҷомеа муносибат ба ин мушкилот тағйир дода шавад, кори фаҳмондадиҳии аҳолӣ, махсусан ҷавонон оид ба масъалаи пешгирии ВНМО/БПНМ беҳтар карда шавад. Барои кам кардани хавфи сироят ва густариши бемори ҳар фард бояд ҳар чӣ бештар дар бораи ВНМО/БПНМ, яъне роҳҳои сирояти он, инкишоф ва зуҳуроти беморӣ, табобат ва асосан пешгирии онро донад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳое маҳсуб меёбад, ки аксарияти аҳолиаш аз ҳисоби ҷавонон сарчашма мегирад. Пешрафту муваффақияти он бешубҳа ба нерӯи ҷавононаш нуҳуфтааст. Аз ҳамин рӯ, ҳамеша нисбати солимии ҷавонон тадбирҳои муҳимро амалӣ мегардонад”.

Саломов Дилшод дар баромади худ қайд намуд, ки “ВНМО вирусест, ки ба организми инсон ворид шуда, системаи масунияти онро нобуд месозад. Агар системаи масунияти инсон зарар дид, организми инсон заиф мегардад ва наметавонад, ки бо бемориҳои гуногун мубориза барад”.

Ҳамзамон, дар ҷараёни рафти семинар – машварати мазкур наврасону ҷавонон вобаста ба роҳҳои бартарафсозии ин вабои аср фикру мулоҳизаронӣ намуда, барои пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ пешниҳодҳои муфид баён карданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо