wrapper

Парчами нангу номи мо

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аксияи мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатӣ буда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ ва равнақи зиракии сиёсӣ дар ниҳоди насли ҷавони кишвар дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ роҳандозӣ гардид.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 300 адад парчам ва 500 адад маводҳои иттилоотӣ ба ҷавонону сокинони шаҳри Хуҷанд тақсим карда шуд.

Зикр гардид, ки эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо