wrapper

Ҳадафҳо амалӣ гардиданд

Вобаста ба амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2017 аз рӯйи самтҳои афзалиятноки Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти татбиқи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 табриҳои мушаххас мавриди амал қарор гирифт.

Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, маънавию маърифатӣ, ки яке аз самтҳои афзалятноки соҳаи кор бо ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби масъулини Раёсат ва Бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд чорабиниҳои хусусияти ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ ва меҳнатдӯстию созандагӣ ташкил ва баргузор карда шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани “Соли ҷавонон” дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2017, №АП 833, қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 28-уми марти соли 2017, №134 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” тасдиқ гардид, ки он аз 85 банд иборат буда, тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷавононро фарогир мебошад.

Дар соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят чорабиниҳои оммавӣ аз қабили аксияву ҳамоишҳо зери шиорҳои“ Мо ҷавонон пайрави Пешвои миллат”, “Мо бо Шумоем Пешвои миллат”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028”, “Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат барои оби ошомиданӣ”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим”, “Дарахти дӯсти биншон, ки коми дил ба бор орад”, “Танзим баракати зиндагӣ”, “Биёед, китоб мехонем!”, “Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!”, “Ба муҳофизати Ватан омодаем!”, “Барои Тоҷикистон хизмат мекунем!”, “Садоқат ба Пешвои миллат – садоқат ба Ватан!”, “Пешвои ман – ифтихори ман”, “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистонам!” бахшида ба “Соли ҷавонон” бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Дар ин давра, аз ҷониби масъулини бевоситаи Рёсат 18 аксияву ҳамоишҳои ташвиқотиву таблиғотӣ, иттилоотию маърифатӣ, тарбиявию ахлоқӣ, меҳнатдӯстию созандагӣ, фарҳангӣ ва маънавию маърифатидошта бо фарогирии 29800 нафар ҷавонон баргузор карда шуд, ки дар онҳо ҳудуди 5795 маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

Аз ҷониби бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят 251 чорабини бо фарогирии 150919 ҷавонон бо шумораи 16565 маводи иттилоотӣ, баргузор карда шуд.

Вобаста ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028” дар “Соли ҷавонон” аз ҷониби Раёсат дар якҷоягӣ бо Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар қаламрави вилоят Аксия-ҳамоиши ҷавонон бо тақсим намудани 1600 адад варақаҳои иттилоотӣ бо матни “Барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Мануэл ди Оливейра Гутерриш ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” баргузор карда шуд, ки дар он чорабинӣ 18000 нафар наврасону ҷавонон фаъолона иштирок намуданд. Дар маҷмуъ 269 чорабинӣ бо фарогирии 180 719 нафар ҷавонон бо тақсим намудани 22360 шумора маводҳои иттилоотӣ баргузор карда шуд.

Ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсат аз ҷониби масъулин 12 мулоқоту вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят, инчунин дар ҷамоату деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор карда шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 7353 нафар ҷавонон фарогирифта шуданд.

Инчунин, аз ҷониби сохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба мазмуну муҳтавои Паёми Пешвои миллат 273 чорабинӣ бо фарогирии 79942 нафар ҷавонон мулоқоту вохӯриҳо дар ҳамкорӣ бо дигар сохтори мақомоти давлатӣ доир карда шуд, ки дар умум 285 мулоқоту вохӯриҳо бо фарогирии 87295 нафар ҷавонон аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар соли ҷорӣ баргузор гардид.

Бо мақсади тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи меҳнатдӯстию созандагӣ, ободкорию хуррамгардонидани ватани азизамон бахшида ба «Соли ҷавонон» ва ифтихори 20-солагии Ваҳдати миллӣ бо фармоиши раиси Кумита Аксияи ҷумҳуривии ниҳолшинонии ҷавонон ва ҳашари оммавӣ баҳри беҳдошти фазои экологӣ таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» дар сатҳи баланди ташкилӣ доир гардид. Давоми соли 2017 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби беш аз 76000 нафар ҷавонону варзишгарон зиёда аз 17400 бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулҳо шинонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш боғи ҷавонон ташкил гардид.

Бо мақсади ташкил намудани боғҳои ҷавонон бахшида ба “Соли ҷавонон” дар шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров 5 га., Айнӣ 2 га., Зафаробод 6,3 га., Конибодом 2,4 га., Мастчоҳ 5 га., ва Спитамен 14га, Хуҷанд 80 га обод карда шуд, ки дар умум ба 118,7 га боғҳо ташкил карда шуданд. Дар умум  баҳри корҳои ободонию созандагӣ 283 адад чорабинӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар он 76030 нафар ҷавонону наврасон ҷалб гардиданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо