wrapper

Хизмати  ватан - қарзи ҷавонмард

Тарбия ва ба камол расонидани насли ватандӯсту худогоҳ вазифаи муқаддаси ҳар як фард ба ҳисоб меравад, ки Раёсат ҳамчун мақомоти салоҳиятдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон тарбияи ватандӯстии ҷавононро ҳамчун самти афзалиятноки худ қарор дода, дар ин самт 476 чорабиниро ба сомон расонид.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ, як қатор чорабиниҳои ватанпарастонаю ҳарбӣ – варзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳамзамон бахшида ба 24-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дар қисмҳои низомии 01972 ва 051056 шаҳри Бӯстон, 14356, 051056 ноҳияи Б.Ғафуров, 3501 ва 03377 шаҳри Хуҷанд, 04080 шаҳри Конибодом, 02267, дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворухи шаҳри Исфара 2857, дидбонгоҳи сарҳадии ҳудуди ҷамоати Зафаробод 14356Б, 2454, дидбонгоҳи сарҳадии ҳудуди ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, дидбонгоҳи сарҳадии мавзеи Исрофилободи ноҳияи Айнӣ 2042, дидбонгоҳи сарҳадии 04533 ноҳияи Деваштич, 3501 шаҳри Истиқлол, 2044 ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, 14356б, 2850, дидбонгоҳи сарҳадии ҳудуди ҷамоати Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ, 05170 шаҳри Панҷакент, 2110 ноҳияи Спитамен, 03040, дидбонгоҳи сарҳадии “Фирдавсӣ”, постгоҳҳои “Себзор” ва “Суғдиён”-и ноҳияи Шаҳристони қаламрави вилоят рӯзи «Дарҳои кушод», шиносоии ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити сарбозону афсарон ва чорабиниҳои фарҳангиву мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ бо ҷалби 8472 нафар ҷавонписарон баргузор гардида, сарбозону афсарон бо тӯҳфаҳо ва ифтихорномаҳои Раёсат ва бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳавасманд гардонида шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат ва бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилоят бахшида ба соли ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, зиёд намудани сафи ихтиёриёни ҷавон мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии “Ҳомии Ватан”, “Сарбози оянда”, “Сипар”, “Кани писарон” ва фестивал – озмуни вилоятии “Таронаи сарбоз” бо ҷалби зиёда аз 2200 нафар ҷавонони синни то даъватӣ ташкил ва баргузор гардид.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 85 нафар волидайни сарбозон барои аёдати фарзандон ба қисмҳои низомии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Маъракаи баҳоронаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят сифатнок ба анҷом расида, нақшаи даъвати баҳоронаи ҷавонон 101,5% пеш аз мӯҳлат таъмин карда шуд. Санаи 8 апрели соли равон маросими гусели даъватшавандагон бо ташкили барномаи фарҳангӣ бо иштироки беш аз 7000 нафар ҷавонон ташкил карда шуда, дар фазои тантанавӣ 1200 нафар навдаъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд. Ҳамзамон баъд аз ҷамбасти барномаи фарҳангӣ дар майдони Бобоҷон Ғафуров барои 3000 нафар даъватшавандагону волидони онҳо дастурхони идона ороста шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар маракаи гусели тирамоҳии даъват ба сафи Артиш дар вилоят бо танатана ҷараён гирифт. Санаи 7 октябри соли 2017 дар “Амфитеатр”-и Қасри Арбоб бо иштироки васеъи иштирокчиён 1310 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд.

Дар маҷмӯъ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар соли равон 476 адад чорабинӣ ба монанди мулоқоту вохӯриҳо, фестивалҳо, озмунҳо, мусобиқаҳои ҳарбӣ – варзишӣ доир гардидаст, ки дар онҳо 86634 нафар ҷавонони синни то даъватӣ  ва афсарону сарбозон фаро гирифта шудаанд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо