wrapper

Таъмини тарзи ҳаёти солим - мақсади мост

Дар баробари дигар масъалаҳои мубрами рӯз таъмини тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои сирояткунандаи махсусан хавфнок, ки бештар ҷавононро таҳдид менамояду ин қишри ҷомеа гуруҳи осебпазир маҳсуб меёбанд, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон қарор дода шудааст.

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар самти таъмини тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон Нақшаи чорабиниҳои муштараки чорҷонибаро бо раёсатҳои тандурустӣ, маориф ва илм, Агентии назорати маводи нашъаовар “Оид ба пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили нашъамандӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ (ВНМО/БПНМ), майнӯшӣ, тамокукашӣ, сил ва вараҷа дар байни ҷавонон” ба тасвиб расонид.

Дар асоси Нақша чорабиниҳои ба тасвиб расонида дар соли ҷорӣ дар самти таъмини тарзи ҳаёти солим 3 Аксияи вилоятӣ таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим” бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд, “Насли солим миллати солим” ва бахшида ба Рӯзи мубориза бар зидди бемории ВНМО/БПНМ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии ҷомеа ва ба ин васила пешгирии афзоиши ВНМО/БПНМ, нашъамандӣ доир намуд, дар онҳо зиёда аз 1200 нафар ҷавонони касбу кори гуногун фаро гирифта шуданд. Инчунин, аз ҷониби волонтёрон зиёда аз 1680 варақаҳои иттилоотӣ ба иштирокчиён дар мавзӯҳои гузариш ва пешгирии ВНМО/БПНМ,  оқибатҳои нашъамандӣ тақсим карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо 65 адад Аксия бо фарогирии зиёда аз 25553 нафар ҷавонон баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби масъулини Раёсат ҷиҳати пешгирии нашъамандиву нашъаҷалобӣ, бемориҳои сироятӣ ВНМО/БПНМ ва сил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Спитамен, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ, Исфара, Конибодом ва Ашти вилояти Суғд аз санаи 27 март то 3 апрели соли 2017 семинар – тренинги омӯзишӣ байни наврасону ҷавонон доир гардид, ки дар натиҷа 350 нафар фаро гирифта шуд.

Аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар маҳал баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва паст намудани таъсири рафтори хафнок оид ба масъалаҳои муносибатҳои тасодуфии шаҳвонӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ВНМО БПНМ, сил ва беҳтар намудани шароит барои дастрасӣ ба иттилоот, ҷалби ҷавонон ба варзиш, баробарҳуқуқии гендерӣ чорабиниҳои хусусияти иттилоотию омӯзишӣ ва маърифатию маънавидошта дар шакли семинар-тренингҳои омӯзишӣ, аксияҳои таблиғотӣ, бозиҳои варзишӣ, сӯҳбату вохӯриҳо дар мавзӯҳои “Мо зиди бемории ВНМО/БПНМ”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаётисолим”, “Нашъамандӣ вабои аср!” ва “Нест бод нашъамандӣ, ВНМО/БПНМ ва сил” баргузор карда шуд.

Дар маҷмуъ дар давраи ҳисоботӣ 319 адад мулоқоту вохӯрӣ, тренингу семинарҳо бо фарогирии 31948 нафар наврасону ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо