wrapper

Тафаккури ҷавонон дар ҷодаи амалҳои бунёдкорона

Таъмин намудани ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонон дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои мубрам ҳисобида шуда доимо дар маркази таваҷҷӯҳи Раёсат қарор дорад.

Дар ин самт нақшаҳои муштараки Раёсат бо сохторҳои  дахлдор тасдиқ шуда, баҳри пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, таҳлил ва баррасии вазъияти ҷинояткорию қонунвайронкунӣ, паст намудани омилҳои таъсирасони ақидаҳои экстремистии динӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ дар байни наврасону ҷавонон бо истифода аз усулҳои таъсирбахш чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ, иттилоотию маърифатӣ, сиёсию маънавӣ, фарҳангию ахлоқидошта баргузор намуд. Дар қаламрави вилоят аз ҷониби масъулини Раёсат дар давраи ҳисоботӣ 2 адад семинар – машварат бо фарогирии 200 нафар ҷавонон, 10 адад мизи мудаввар (1260 нафар) ва 48 мулоқотҳо дар мавзӯҳои «Иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ», «Нақши ҷавонон дар мубориза бо терроризм ва экстремизм» ва “Нақши ҷавонон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Ашт ва Ҷ.Расулов бо иштироки 12650 нафар ҷавонон баргузор карда шуданд.

Дар ҳамин радиф, аз ҷониби сохторҳои Раёсат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 520 адад чорабинӣ бо фарогирии 73854 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда шуд.

Дар натиҷа дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 637 чорабиниҳои хусусияти омӯзишӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, маънавӣ ва тарбиявидошта бо фарогирии 93684 нафар наврасону ҷавонон баргузор карда шуданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо