wrapper

Мизи мудаввар - танзим

Тибқи нақшаи чорабинии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мизи мудаввари вилоятӣ бахшида ба қабули Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти унвони “Қонуни танзими ҷашну маросимҳо – заминаи таҳкими ҳаёти иҷтимоии ҷавонон” ташкил ва баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода О.А., олимони ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои олии вилоят иштирок доштанд.

Мизи мудавварро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Зоҳидзода Олимҷон оғоз намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни мизи мудавварро хуш омадед гуфтанд ва доир ба мавзӯи дар боло зикр шуда қайд намуданд, ки “Давлатҳои ҷаҳон дар раванди давлатсозӣ баъзан қонунҳое қабул мекунанд, ки онҳо хоси ин давра буда, барои пойдории давлат ва мустаҳкам намудани пояҳои он, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини аҳмияти давлат, рушди ҷомеа ва ахлоқ равона мегарданд. Қонуни мазкур маҳз ҳамин гуна қонун буда, пеш аз ҳама, барои таъмини баробарии иҷтимоӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа ва дар ин замина таъмин намудани амнияти шаҳрвандон равона гардиааст”.

Сипас муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза оид ба мавзӯи Танзими анъана омили таҳкимбахши ҳаёти иҷтимоии ҷавонон қайд намудан, ки “Бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт”.

Дар рафти ҷараёни мизи мудаввар боз аз ҷониби олимони ҷавон Шӯҳрат Саидов, Парвиз Шарипов, Бахтиёр Мансуров ва Муҳибҷон Эрбоев маърӯзаҳо оид ба мавзӯҳои гуногун матрах карда шуд.

Қонуни мазкур, ҳамчунин, боиси болоравии маданияти гузаронидани маъракаҳо ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниҳо гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт.

Дар фарҷоми мизи мудаввар аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо