wrapper

Ҷавонон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ

Раёсат ва сохторҳои он дар ҳамкорӣ бо Раёсату идораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эҷодӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи беҳтарин анъанаҳои ҳунари миллӣ, рушду инкишофи ташаббускорӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои оиладорӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва мусоидат ба ривоҷу равнақи истеъдодҳои ҷавон Фестивал – озмуни вилоятии «Гулдухтарони Суғдӣ», «Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят», озмуни вилоятӣ дар мавзӯи «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», «Ихтироъкорони ҷавон»,  «Барномасози беҳтарин» ва ғайра, инчунин, ба истироҳату фароғат фаро гирифтани ҷавонону наврасони лаёқатманди вилоят ва ҷумҳурӣ ва ба лагерҳо сафарбар намудани онҳо, дастгирии маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон ҷиҳати иштирок дар намоишҳои берун аз ҷумҳурӣ, таъсиси стипендияҳои Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо барои ҳунармандон ва адибони боистедоди ҷавон, баргузории фестивал – озмунҳо байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон мебошад ташкил ва баргузор намуда истодааст.

Бо назардошти яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам овардан ва дастгирии иҷтимоии ҷавонон маҳсуб меёбад дар ин давра аз ҷониби Раёсат ва сохторҳои он дар доираи буҷетҳои давлатӣ ва ҷалби дигар имкониятҳо тадбирҳои зарурӣ мавриди амал қарор гирифт.

Дар ҳамин радиф, бо мақсади дастгирии оилаҳои ҷавону ниёзманд, имконияташон маҳдуд дар доираи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018 бахшида ба “Соли ҷавонон” ва санаҳои таърихӣ аз ҷониби Раёсат моҳҳои феврал – марти соли 2017, 16 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Мастчоҳ, Гулистон, Бӯстон, Хуҷанд, моҳи апрел 10 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент ва моҳи май 10 нафар ҷавонони аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Ашт ва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ 1 нафар ҷавони имконияташ маҳдуд аз шаҳри Бӯстон бо кӯмакҳои моддӣ ва ғиззоӣ аёдат гардиданд. Ҳамзамон, тӯйи 25 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Истаравшан, Гулистон, Спитамен, Мастчоҳ ва К.Мастчоҳ ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин радиф, бевосита аз ҷониби сохторҳои маҳаллии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят 1168 нафар ҷавонони ниёзманд бо кӯмакҳои моддиву ғизоӣ таъмин гардиданд.

Дар маҷмуъ аз ҷониби масъулини Раёсат ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 75 конференсия, мизи мудаввар, семенар, тренингҳои омӯзишӣ ва курсҳои омӯзишӣ бо фарогирии 7929 нафар ҷавонон доир гардиданд.

Инчунин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хайрхоҳи ватанӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби бевоситаи Раёсат ва сохторҳои он 5 ҷуфт тӯйи миллии  домодиву арусӣ баргузор гардида, 47 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат бо кӯмакпулиҳову савғотиҳо сарфароз карда шуданд.

Дар бораи мо

Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд сохтори маҳаллии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, татбиқкунандаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмони ва варзиш» дар вилоят мебошад.

Тамос бо мо

735700, Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. К. Хуҷанди 81.

Тел: +992 (3422) 6-16-78.

E-mail: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Сомонаҳо